Қодири Қосим Федератсияи иттифоқҳои касабаро ба роҳбарӣ гирифт

АМИТ «Ховар»

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардид, ки дар он раиси нави ин Федератсия интихоб шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар қисмати ташкилӣ аризаи собиқ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина бинобар ба кори дигар гузаштанаш шунида шуд ва бо овоздиҳии кушода ҷонибдорӣ ёфт.

Сипас, номзадии Қодири Қосим, собиқ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсат ва аъзои Шӯро ба вазифаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли гузашта Шерхон Салимзода бо фармони президенти Тоҷикистон роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ таъин шуд. Қодири Қосим санаи 23 январ аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ озод шуда буд.

Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишкадаи ( ҳоло Донишгоҳи) кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси «агроном» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба ҳайси агрономи совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ шурӯъ кардааст.

Минбаъд дар вазифаҳои сарагрономи совхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи вилоятии Комсомоли Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, Раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали Раиси ВМКБ, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси ВМКБ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...