Норозигии Ӯзбекистон аз амалҳои ширкати «Сомон Эйр»

Asia-Plus

Дар номаи ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ба унвони мақомоти Тоҷикистон аз интишори маълумоти носаҳеҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доир ба парвози ҳавопаймо  аз Душанбе ба Тошканд норозигӣ изҳор шуда, зикр мегардад, ки пеш аз пешниҳоди маълумот, ширкати тоҷикистонӣ мебоист ҳама паҳлӯҳои масъаларо месанҷид.

Тавре як манбаи огаҳ аз таърихи ин масъала ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар нома ҳамчунин қайд шудааст, ки интишори маълумот бидуни рӯшанӣ андохтан ба ҳамаи паҳлӯҳои масъала ба мушкилиҳо боис шуда метавонад.

Гуфта мешавад, мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон барои анҷоми парвозҳо ба як муҳлати муайян (чартерӣ) дархост гирифтаанд, на барои анҷоми парвозҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам. Дархост танҳо рӯзи якшанбе, 19 феврал ва 1 рӯз пеш аз иҷрои парвозҳо тавассути хатсайрҳои мунтазам қабул шудааст. Табиист, ки таъкид мешавад дар нома, барои қабули қарор фурсат хеле кам буд.

Ғайр аз ин, қайд мешавад дар нома, масъалаи додани иҷозатнома барои иҷрои парвозҳо бояд аз ҷониби Хадамоти амнияти Ӯзбекистон ва мақомоти дифоъи зиддиҳавоии ин кишвар баррасӣ шавад, ки «барои ин низ вақти муайяне лозим аст».

Гузашта аз ин, таъкид мешавад дар мактуб, барои анҷоми парвозҳои мунтазам варақаи хизматӣ (формуляр) гирифтан зарур аст, ки барои анҷоми парвозҳо муддати тамоми мавсим дода мешавад.

Ҳамчунин то ҳол дар шаҳри Тошканд мавҷуд набудани намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва мутаносибан ташкили фурӯши билетҳо дар Ӯзбекистон низ зикр мегардад.

Қобили зикр аст, ки парвози ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе – Тошканд, ки санаи 20 феврал бояд ба анҷом мерасид, амалӣ нашуд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ дод, ки фурудгоҳи Тошканд ба унвони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бораи рад шудани парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри аввал огоҳинома ирсол карда, дар нома сабабҳои рад шудани парвоз зикр наёфтааст.

Хотиррасон шуда буд, ки ҳанӯз 10 феврал зимни гуфтушунидҳо дар Тошканд ба ширкати «Сомон Эйр» оид ба анҷом додани парвозҳо ба фурудгоҳи Тошканд аз 20 феврал иҷозатномаи истифодабарӣ дода шудааст.

Бо ҳавопаймои аввал тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд бояд 26 нафар мусофирон ба пойтахти Ӯзбекистон парвоз мекарданд.

Аз ширкати тоҷикистонӣ иттилоъ доданд, ки айни замон раҳбарияти «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳояшон аз «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» масоили техникии роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрро баррасӣ доранд, то ки ҳарчи зудтар парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе оғоз гардад.

Самтҳои анҷоми парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» дар инфографикаи зер.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...