Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар садамаи нақлиёт дар Русия

Дар садамаи нақлиёт дар вилояти Саратови Русия панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳалокат расидаанд. Онҳо муҳоҷироне будаанд, ки барои роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати Русия ба Қазоқистон раҳсипор гардида будаанд. Соати 5-и субҳи рӯзи душанбе дар наздикии деҳаи Тарумовкаи вилояти Саратов автомашинаи Kia Rio ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо автомашинаи […]

Asia-Plus

Дар садамаи нақлиёт дар вилояти Саратови Русия панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳалокат расидаанд. Онҳо муҳоҷироне будаанд, ки барои роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати Русия ба Қазоқистон раҳсипор гардида будаанд.

Соати 5-и субҳи рӯзи душанбе дар наздикии деҳаи Тарумовкаи вилояти Саратов автомашинаи Kia Rio ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо автомашинаи Nissan Almera бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаҳои ҳарду автомашина ва чор тан аз мусофирони Nissan Almera ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, автомашинаи Nissan Almera таҳти идораи сокини ноҳияи Петровкаи вилояти Саратов қарор дошта, дар автомашинаи Kia Rio панҷ нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар занон ҳузур доштаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя кардани муҳлати ниҳоии будубош дар Русия, рӯзи якшанбе бо автомашинаи Kia ба Қазоқистон рафта, сипас бозпас марзи Қазоқистону Русияро убур кардаанд ва баъдан ҳангоми бозгашт ба Маскав ба садамаи нақлиёт дучор шудаанд.

Аз прокуратураи вилоят хабар додаанд, ки дар ин садама чор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчунин ронандаи автомашинаи Nissan – сокини 62-солаи шаҳри Петровск ба ҳалокат расидаанд.

«Ронандаи Kia – шаҳрванди 30-солаи Ӯзбекистон, мусофирон: шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон, ду зани 42-солаи шаҳрванди Ӯзбекистон ва боз як шаҳрванди 40-солаи Ӯзбекистон… Пешакӣ маълум шудааст, ки онҳо аз соли 2014 дар қаламрави Русия ҳузур дошта, муваққатан дар Маскав ба қайд гирифта шудаанд, – хабар медиҳад РИА Новости.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели садамаи нақлиёт мақомоти пулис санҷиш гузаронида, ҷараёни он таҳти назорати прокуратураи вилоят қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.