Манъи ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахт зимни сафари президенти Русия

Asia-Plus

Нимаи дуюми имрӯз президенти Русия Владимир Путин бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад ва дар ин робита ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳо муваққатан манъ карда мешавад.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, имрӯз аз соати 13:00 то 15:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шоҳтемур ва Теҳрон, Шероз то хиёбони И.Сомонӣ, Шероз – И.Сомонӣ то чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ – А.Сино муваққатан манъ карда мешавад.

Аз соати 17:30 то19:00 дар кӯчаи Шероз, хиёбони И.Сомонӣ ва кӯчаи Низомии Ганҷавӣ ва аз соати 19:30 то 20:30 аз хиёбони Исмоили Сомонӣ аз серроҳаи И.Сомонӣ – Рӯдакӣ то давродаври хиёбони И.Сомонӣ – А.Сино ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Рӯзи 28 феврал аз соати 10:00 то 12:30 ҳаракати воситаи нақлиёт аз кӯчаҳои Нурулло Ҳувайдуллоев то Низоми Ганҷавӣ, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони А.Сино, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш ва М.Мастонгулов то фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА аз шаҳрвандон, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки талаботи танзимгарони БДА ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, дар вақтҳои қайдгардида аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...