«Рӯшноии маҳтоб» филми сол элон гашта, ба ҷоизаи «Оскар» соҳиб шуд

Дар шаҳри Лос-Анҷелес 89-умин маросими супоридани ҷоизаи Академияи синамои Амрико – "Оскар" баргузор шуд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, "Рӯшноии маҳтоб"-и Барри Ҷенкин филми сол эълон гашта, ҳамчунин дар бахшҳои "беҳтарин ҳунарманди дараҷаи ду" ва "беҳтарин филмнома" ҷоиза ба даст овард. "Ла-Ла-Лэнд", ки бо иштибоҳи муҷрии маросим дар аввал филми сол эълон […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Лос-Анҷелес 89-умин маросими супоридани ҷоизаи Академияи синамои Амрико – "Оскар" баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, "Рӯшноии маҳтоб"-и Барри Ҷенкин филми сол эълон гашта, ҳамчунин дар бахшҳои "беҳтарин ҳунарманди дараҷаи ду" ва "беҳтарин филмнома" ҷоиза ба даст овард.

"Ла-Ла-Лэнд", ки бо иштибоҳи муҷрии маросим дар аввал филми сол эълон гашт, соҳиби шаш пайкараи тилоӣ шуда, муаллифи он Дэмьен Шазелл ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши беҳтарин коргардон соҳиб гашт. Ӯ ҷавонтарин нафаре шуд, ки дар ин бахш соҳиби ҷоиза мешавад.

Ҷоизаи бахши беҳтарин нақши зан насиби Эмма Стоун шуд, ки дар "Ла-Ла-Лэнд" нақш офаридааст. "Оскар"-ро барои беҳтарин филмномаи аслӣ драмаи Кеннет Лонерган "Манчестер дар лаби баҳр" ба даст оварда, ба иҷрокунандаи нақши асосии он Кейси Аффлек ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши мард дода шуд.

Беҳтарин филми кутоҳи анниматсинонӣ" "Зверополис" ва беҳтарин филми мустанад "О. Ҷей. истеҳсоли Амрико" эълон гашт.

Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ, ки ба ин маросим наомад, барандаи ҷоизаи беҳтарин филми ғайрианглисизабон дар ҷашнвораи "Оскар" шуд. Фарҳодӣ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, сиёсати муҳоҷирати президент Доналд Трампро қабул надорад.

Ҷоизаро дар бахши филми ҳуҷҷатии кутоҳ "Кулоҳхуди сафед" дар бораи яке аз созмонҳои ихтиёрӣ дар Сурия соҳиб шуд. Муаллифони он Орландо фон Айнсидел ва Ҷоэнна Натасегара ҳини суханрониҳояшон дар маросим хостанд, ки ҳарчи зудтар ба даргириҳои Сурия хотима дода шавад.

Қаблан мақомоти ИМА барои вуруди наворбардор Холида Хатиба, ки дар таҳияи филми мазкур саҳм дошт, иҷоза надоданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ