Раиси ВМКБ доир ба се манбаи ба худкифоӣ расидани вилоят

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Зимни посух ба саволҳои журналистон рӯзи 28 феврал раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед изҳор намуд, ки барои раҳоии вилоят аз кумаки молии давлатӣ (дотатсия), ки имрӯз ҳудуди 80%-ро ташкил медиҳад, дар буҷет се манбаъи имконпазир вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин сарчашмаҳо рушди сайёҳӣ (туризм) буда, ин соҳа маблағгузории зиёдро талаб намекунад ва дар муҳалти кӯтоҳ ба буҷет даромадҳои иловагӣ оварда метавонад.

«Табиати Бадахшон барои сайру саёҳат офарида шуда, барои рушди ин бахш танҳо дар густариши маъракаи  таблиғ (рекалама) ва беҳбуди сифати хизматгузорӣ кӯшиш ба харҷ додан зарур аст», – қайд кард раиси вилоят.

Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта беш аз 400 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон боздид намуда, аз ин миқдор ба ВМКБ ҳамагӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар рост меояд.

«Агар ин шумор ҳаддди ақал то 100 ҳазор нафар расонида шавад, пас худатон тасаввур кунед, ки чӣ қадар фоида метавон ба даст овард», – зикр кард номбурда.

Сарчашмаи дигари афзоиши даромад ба буҷети вилоятро Шодихон Ҷамшед рушди саноати кӯҳкорӣ унвон кард.

«Баҳри рушди ин соҳа ҳукумат санадҳои дахлдори қонунгузорӣ қабул карда, соли гузашта барои корҳои иктишофӣ дар 17 кони тиллои пошида иҷозатнома дода шуд, ки сокинони маҳаллиро ба кӯшишу ташаббусҳо дар ин самт водор месозад, – гуфт ӯ. – Барои коркарди дигар конҳо маблағгузориҳои зиёд ва захираҳои энергетикӣ зарур аст».

Зимнан зикр гардид, ки манбаи сеюми даромади иловагӣ барои буҷети ВМКБ имконоти энергетикии вилоят аст.

«Мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон, захираи обиву энергетикии мо ба 6,7 млрд. кВт/соат баробар аст, – гуфт раиси вилоят. – Имрӯз бошад, дар вилоят ҳамагӣ 171 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.