Вазири фарҳанг: Замони аз тайёрхӯрӣ даст кашидани ВАО-и давлатӣ фаро расидааст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт, ки маблағгузории васоити ахбори оммаи давлатӣ дар ҳаҷми пештара боқӣ монда, вале дар ҳамин ҳол, онҳо бояд дар шароити иқтисоди бозорӣ кор карданро биомӯзанд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шамсиддин Орумбекзода дар ин робита қайд кард, ки хабарҳо дар бораи аз аввали соли равон кам шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба ВАО-и давлатии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.

«Имсол ҳам чун солҳои пешин маблағгузории нашрияҳои давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатии кишвар сурат мегирад, – иброз дошт вазир. – Аммо зери мафҳуми маблағгузории давлатӣ танҳо сари музди меҳнати кормандони ВАО-и давлатӣ сухан меравад, хароҷоти боқимонда бошад, аз ҷумла пардохти ҳаққи қалам чун пешина аз ҳисоби даромадҳои худи нашрияҳо пардохта мешавад».

Ӯ таъкид дошт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақобати шадид ВАО-и давлатиро дар ниҳояти кор зарур аст, ки аз тайёрхӯрӣ даст кашида, вақти ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ фаро расидааст.

«Ҳамааш ба муҳаррир ва кормандон вобаста буда, аагар газетаи давлатӣ бо теъдоди 600 нусха ба нашр расад, дар бораи кадом дастгирии давлатӣ сухан метавон гуфт», – зикр кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, хотиррасон шуд, ки рӯзномаҳои марказии ҷумҳурӣ, аз қабили «Ҷумҳурият», «Садои мардум», нашрияи ҲХДТ – «Минбари халқ» хуб фаъолият дошта, ба маблағгузории иловагӣ аз ҷониби ноширони худ ниёз надоранд.

Зимнан зикр гардид, ки маблағгузории газетаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – нашрияҳои ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар Тоҷикистон 10 телевизион, 110 нашрия, 7 радио ва як оҷонсии давлатии хабарӣ (АМИТ Ховар) аз ҳисоби будҷа фаъолият мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.