Коршинос: робитаи бофтаи Русия бо толибон ба нафъи ҳама аст, ба ҷуз Русия

Зимни кори як мизи гирд доир ба масоили Афғонистон дар Душанбе Павел Зарифулин, директори Маркази Лев Гумилёви Русия изҳор дошт, ки Русия ҳаракати «Толибон»-ро эътироф карданӣ нест, вале агар онҳо ба гуфтушунид бо Кобули расмӣ оғоз кунанд, омода аст, ки толибонро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ ихроҷ намояд. «Робитаи ба истилоҳ Русия бо «Толибон», ки аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни кори як мизи гирд доир ба масоили Афғонистон дар Душанбе Павел Зарифулин, директори Маркази Лев Гумилёви Русия изҳор дошт, ки Русия ҳаракати «Толибон»-ро эътироф карданӣ нест, вале агар онҳо ба гуфтушунид бо Кобули расмӣ оғоз кунанд, омода аст, ки толибонро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ ихроҷ намояд.

«Робитаи ба истилоҳ Русия бо «Толибон», ки аз ҷониби сиёсатмадорони Ғарб бофта шудааст, ба ҷуз худи Русия, дигар барои ҳама нафъовар аст, – гуфт Зарифулин. – Ин ба нафъи ҳамон Ғарбу Кобули расмӣ аст, то ки минбаъд барои мубориза бо толибон кумак дастрас кунанд».

Ба қавли ӯ, дар муқоиса бо созмони «Давлати исломӣ» имрӯз толибон ба қаламрави кишварҳои дигар дастдарозӣ намекунанд.

«Агар толибон аз муборизаи мусаллаҳона даст кашида, бо Кобули расмӣ ба гуфтушунид пардозанд, Маскав метавонад ҳаракати «Толибон»-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кунад», – илова кард роҳбари маркази таҳлилии Маскав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.