Аз садамаи фоҷеабор дар Данғара 6 кас ҷон бохтанд

Asia-Plus

Дар як садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки дар ҷашни Рӯзи модар дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод, 6 кас ҷон бохта, боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронанда, марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бармехӯрад.

«Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” ва мусофирони он: зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”: зани 56-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо ҷароҳатҳои ҷисмонии вазнин дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...