Аз садамаи фоҷеабор дар Данғара 6 кас ҷон бохтанд

Дар як садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки дар ҷашни Рӯзи модар дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод, 6 кас ҷон бохта, боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Дар як садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки дар ҷашни Рӯзи модар дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод, 6 кас ҷон бохта, боз ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи ронанда, марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бармехӯрад.

«Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” ва мусофирони он: зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”: зани 56-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо ҷароҳатҳои ҷисмонии вазнин дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио