Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ доир мегардад. Оғоз соати 15-00;

– Дар қаҳвахонаи «Истиқлол» чорабинии шомгоҳии «Forever young» баргузор мешавад. Оғоз соати 22-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.0846 сомонӣ;

1 евро – 8.5406 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1352 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1931 – Таъсиси ноҳияҳои Ғарм (феълан Рашт) ва Ҷиргатол.

1932 — Таъсиси пойгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон.

1957 – Оғози кори Анҷумани II-юми хабарнигорони коргару деҳқони Тоҷикистон.

2009 — Парлумони ҶТ тағйироту илова ба қонун «Дар бораи маориф»-ро қабул кард, ки мутобиқи он дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) манъ карда шуд.

2010 — Дар Душанбе 56 аъзои созмони динии ифротгарои «Ҷамоати Таблиғ» маҳкум шуданд.

2012 — Зимни мулоқот бо намояндагони ВАО бахшида ба 100-солагии нашри шумораи нахусти газтеаи «Бухорои шариф» президент сабук кардани ҷазо барои туҳматро пешниҳод намуд.

1934 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф.

1937 – Мавлуди овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Улфатмоҳ Маҳмаданбарова.

1941 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Подабон Зоҳиров.

1944 – Мавлуди журналист, арбоби давлатӣ Хӯҷааҳмад Хидиралиев.

1945 – Зодрӯзи рассом-монументалист Валимат Одинаев.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бобоҷон Ҳасанов.

1949 – Зодрӯзи адиб Мирзо Насриддин.

1953 – Мавлуди кимиёшинос Муҳаммадҷон Раҳимов.

1957 – Зодрӯзи журналист Неъматулло Солеҳов.

1967 – Мавлуди сароянда Соҳибназар Саидов.

1968 – Зодрӯзи адабиётшинос Фахриддин Ҳайдаров.

1978 — Мавлуди журналист Зебо Тоҷибоева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -22-27, рӯзона -7-12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -2+3. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона +1+3.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...