Оғози кӯчонидани бинои мақомоти шаҳрдории Душанбе

Сохтмончиён боқимондаҳои мебелро аз бино бароварда, рӯзҳои наздик онро бо панҷара иҳота ва ба кӯчонидан оғоз мекунанд. Сохтмончиёни маъмурияти ноҳияи Сино ба кӯчонидани бинои мақомоти шаҳри Душанбе оғоз карданд. Гирди бино аллакай чуқуриҳо кофта шуда, ҳамчунин аз дохили бино боқимондаҳои мебел бароварда ва симу ноқилҳои барқӣ канда мешаванд. Дар ҷои бинои мақомоти шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзии […]

Лилия Гайсина, Asia-Plus

Сохтмончиён боқимондаҳои мебелро аз бино бароварда, рӯзҳои наздик онро бо панҷара иҳота ва ба кӯчонидан оғоз мекунанд.

Сохтмончиёни маъмурияти ноҳияи Сино ба кӯчонидани бинои мақомоти шаҳри Душанбе оғоз карданд. Гирди бино аллакай чуқуриҳо кофта шуда, ҳамчунин аз дохили бино боқимондаҳои мебел бароварда ва симу ноқилҳои барқӣ канда мешаванд.

Дар ҷои бинои мақомоти шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва боз якчанд бинои истиқоматии равоқдор маҷмааи парлумонӣ сохта мешавад.

«Маҷмааи парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон – хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат афрохта, ба ҷуз иншооти навсохташуда, тамоми биноҳои воқеъ дар ин қаламрав, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ кӯчонида мешаванд», – иброз дошта буд соли гузашта ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, соли гузашта бо ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ барои сохтмони маҷмааи бинои парлумонӣ дар Душанбе воситаҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Ин нукта зимни мулоқоти раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх низ зикр гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.