Мақоми 157-уми Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои дорову қашшоқ

Нашрияи молиявии амрикоии Global Finance рейтинги «Кишварҳои аз ҳама доро ва қашшоқи ҷаҳон» (The World's Richest and Poorest Countries)-ро таҳия намуд. Рейтинг бар асоси маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯи нишондиҳандаҳои Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ тартиб дода шудааст. Миёни 189 кишвари саросари дунё Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи […]

Нашрияи молиявии амрикоии Global Finance рейтинги «Кишварҳои аз ҳама доро ва қашшоқи ҷаҳон» (The World's Richest and Poorest Countries)-ро таҳия намуд.

Рейтинг бар асоси маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯи нишондиҳандаҳои Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ тартиб дода шудааст.

Миёни 189 кишвари саросари дунё Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 157-умро ишғол намуда, ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон аз ҳаҷми умумии ММД-и кишвар ҳамагӣ 2 ҳазору 982 доллар рост меояд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан зинаи баландтарро Қазоқистон ишғол мекунад, ки ММД ба ҳар сари аҳолӣ – 25 669 долларро ташкил медиҳад. Туркманистон бо нишондиҳандаи 17 347 доллар – дар зинаи 73, Ӯзбекистон бо нишондиҳандаи 6 452 доллар – дар мақоми – 127 ва Қирғизистон бо нишондиҳандаи 3 467 доллар – дар ҷойи 148-ум қарор гирифтаанд. Русия бо нишондиҳандаи 26 109 доллар ба ҳар сари аҳолӣ аз ҳаҷми умумии ММД дар зинаи 52-юм ҷой гирифтааст.

Ба даҳгонаи доротарин кишварҳои дунё Қатар (129 726 доллар), ), Люксембург (101 936 доллар), Макао (96 147 доллар), Сингапур (87 082 доллар), Бруней (79 710 доллар), Кувайт (71 263 доллар), Ирландия (69 374 доллар), Норвегия (69 296 доллар), Амороти Муттаҳидаи Араб (67 696 доллар) ва Сан-Марино (64 443 доллар) шомил гардидаанд.

Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (656 доллар), Ҷумҳурии Демократии Конго (784 доллар) ва Бурунди (818 доллар) қашшоқтарин давлатҳои саросари ҷаҳон унвон шудаанд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 ҳаҷми умумии ММД-и Тоҷикистон 54 млрд. 471 млн сомонӣ (ҳудуди 7 млрд. доллар)-ро ташкил дода, шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба 8 млн. 600 ҳазор нафар баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.