Тӯли 2 моҳ нарху тарифҳо 1,7% боло рафтанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо моҳи январ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи феврал 0,5% зиёд шуда, сатҳи таварруми моҳи феврал 1,1%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон. Моҳи январ нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 0,6% боло рафта, ҳамин тариқ, тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ ба 1,7% баробар шуд. Мувофиқи дурнамои […]

Дар муқоиса бо моҳи январ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи феврал 0,5% зиёд шуда, сатҳи таварруми моҳи феврал 1,1%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Моҳи январ нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 0,6% боло рафта, ҳамин тариқ, тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ ба 1,7% баробар шуд.

Мувофиқи дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли 2017-ро дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ доштанист.

Бояд қайд намуд, ки таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо чораҳои зарурӣ меандешад.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба мизони пешбинишуда (дар сатҳи 7,0 фоиз) ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ҳамин тариқ, соли 2016 сатҳи миёнаи моҳонаи тавррум дар Тоҷикистон 0,5%-ро ташкил дод. 

Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд – 7%, Бонки ҷаҳонӣ – 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 8,2% пешгӯӣ карда буданд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.