Тоҷикистон ягона номзад ба узвият дар ИИАО номида шуд

Директори Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд Евгений Винокуров дар мусоҳиба ба «Известия» изҳор доштааст, ки ягона номзад ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) Тоҷикистон мебошад. «Ин ҷо ҷанбаи ҷиддии иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки ба ҷараёнҳои савдо ва сармоягузорӣ ва пеш аз ҳама ба интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ марбут аст, – гуфтааст […]

Asia-Plus

Директори Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд Евгений Винокуров дар мусоҳиба ба «Известия» изҳор доштааст, ки ягона номзад ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) Тоҷикистон мебошад.

«Ин ҷо ҷанбаи ҷиддии иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки ба ҷараёнҳои савдо ва сармоягузорӣ ва пеш аз ҳама ба интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ марбут аст, – гуфтааст ӯ. – Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ асосан аз Русия ва ба миқдори начандон зиёд аз Қазоқистон аз 30 то 40%-и ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ, барои узвияти Тоҷикистон ба ИИАО сабабҳои иқтисодӣ мавҷуданд».

Ӯ зикр кардааст, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳод тайи ду соли охир дар сатҳи гурӯҳи корӣ баррасӣ шуда, сипас ба сатҳи ҳукумати Тоҷикистон гузашт.

«Вале алҳол на аз ҷониби худи Тоҷикистон ва на аз ҷониби Русияву Қазоқистон дар ин масъала шитобкорӣ нест ва ба назари ман ин кори дуруст аст, зеро ин масъала бояд худаш пухта расад, – қайд кардааст номбурда. – Дархост барои узвият бояд аз ҷониби худи Тоҷикистон пешниҳод шавад ва ин ҷо хубтар аст, ки масъала дар сатҳи сирф иқтисодӣ матраҳ гардида, ба сатҳи сиёсӣ нагузарад».

Винокуров ҳамчунин таъкид доштааст, ки сатҳи дастгирии ҷамъиятии ҳамгиройии авруосиёӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 70%-ро ташкил дода, дастгирии умумӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳод бошад, дар сатҳи 65% қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар ин робита изҳор мекунанд, ки бо таваҷҷуҳи зиёд таҷрибаи узвияти Қирғизистону Арманистон ба ин Иттиҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии охири моҳи январ дар ин робита изҳор намуда буд, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ин Иттиҳод дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.

«Мо дар ин бора чандин маротиба изҳори назар кардем, – гуфт ӯ. – Ин ҷараёни мароқангез аст, зеро тайи солҳои ахир Арманистону Қирғизистон ба ин Иттиҳод шомил шуда, таҷрибаи онҳо барои Тоҷикистон хеле муфид аст ва айни замон мо ҷанбаҳои омӯзиши ин масъаларо васеъ кардем».

Қаблан дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон зикр карда буданд, ки пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, пешакӣ шарту шароит ва қоидаҳои мавҷуда дар онро омӯхтан зарур аст.

«Мо бояд донем, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда метавонем. Масалан, ба мутобиқати маҳсулоти кишоварзиамон ба меъёрҳои ин бозор айни замон шубҳа дорам, яъне мо алҳол ба пешниҳоди маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои ин Иттиҳод омода нестем», – гуфта буд Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Каримзода.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.