Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон намоиши корҳои рассом Далер Миҳтоҷев доир мегардад. Оғоз соати 17:30; – Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиа оид ба баррасии парванда нисбати адвокат Бзуругмеҳр Ёров аз рӯи далели қаллобӣ баргузор мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана […]

АНОНС

– Дар сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон намоиши корҳои рассом Далер Миҳтоҷев доир мегардад. Оғоз соати 17:30;

– Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мурофиа оид ба баррасии парванда нисбати адвокат Бзуругмеҳр Ёров аз рӯи далели қаллобӣ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.1119 сомонӣ;

1 евро – 8.6262 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1359 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолгарон.

1925 – Таъсиси газетаи «Иди тоҷик» (феълан «Ҷумҳурият»).

2001 – Сертификатҳои нахустини депозитии Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 3 млн. сомонӣ нашр шуд.

2009 — Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Анқара бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ба истифода дода шуд.

1937 – Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод.

1938 – Мавлуди академик Талбак Назаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

1947 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исо Абдурашидов.

1951 – Зодрӯзи нависанда Убайдуллоҳи Ширин.

1953 – Мавлуди журналист (сардабири рӯзномаи парламентии «Садои мардум») Бобоҷон Абдулвоҳидов.

1959 – Зодрӯзи собиқ вазири маорифи ҶТ, феълан ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ, собиқ ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов.

1959 – Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов.

1961 — Зодрӯзи журналист Амрихудо Низом.

1965 – Мавлуди раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шомгоҳон боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -1+4. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бегоҳӣ каме борон меборад.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона -1+1.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.