Пирӯзии «Истиқлол» дар бозии даври аввали Ҷоми КФО

Asia-Plus

Дар бозии аввали даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 чемпиони мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи «Дордой»-и Бишкекро мағлуб кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, тӯбҳоро аз дастаи «Истиқлол» Дэвид Мавутор ва Ҷаҳонгир Алиев ба ҳадаф расонидаанд. Дар ин вохӯрӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, 16 ҳазору 500 нафар мухлисон ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари гурӯҳи «D» тими «Олтин Асир»-и Туркманистон дар меҳмонӣ бар дастаи «Олой»-и Ош (Қирғизиситон) бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрии навбатиашро «Истиқлол» дар меҳмонӣ рӯзи 4 апрел бо «Олтин Асир» мегузаронад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...