Сокини пойтахт модару духтарро ба қатл расонид

Дар Душанбе гумонбар ба қатли модару духтар боздошт шуд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар яке аз ноҳияҳои пойтахт рух додааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 11-уми март ҷасадҳои зани 56-сола ва духтари 34-солааш, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз манзили истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо ҷароҳатҳои бурандаву халанда, […]

Asia-Plus

Дар Душанбе гумонбар ба қатли модару духтар боздошт шуд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар яке аз ноҳияҳои пойтахт рух додааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 11-уми март ҷасадҳои зани 56-сола ва духтари 34-солааш, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз манзили истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо ҷароҳатҳои бурандаву халанда, дарёфт карда шуданд.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии созмондодашуда вобаста ба ҷинояти куштори зикргардида марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.