Баҳси мавқеи ҳарфи «ц» дар забони тоҷикӣ идома дорад

Олимони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки истифодаи ҳарфи «Ц» дар навиштани номҳои шахсӣ, ба гунаи мисол номи сиёсатмадорону олимон ва арбобони ҷамъиятии рус ва хориҷӣ бекор карда шавад. Мудири шуъбаи забони тоҷикии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки қаблан аз алифбои тоҷикӣ ҳарфи «ц»-ро» хориҷ карданд, чунки дар […]

Олимони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки истифодаи ҳарфи «Ц» дар навиштани номҳои шахсӣ, ба гунаи мисол номи сиёсатмадорону олимон ва арбобони ҷамъиятии рус ва хориҷӣ бекор карда шавад.

Мудири шуъбаи забони тоҷикии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Мирзоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки қаблан аз алифбои тоҷикӣ ҳарфи «ц»-ро» хориҷ карданд, чунки дар забони тоҷикӣ он умуман вуҷуд надошт.

Ҳарфҳои «ц», «щ», «ы» ва «ь», ки русӣ дониста мешуданд, аз алифбои тоҷикӣ ҳанӯз нимаи солҳои 90-уми асри гузашта хориҷ шуда буданд.

Акнун олимон пешниҳод доранд, ки аз номҳои шахсон низ ин ҳарф гирифта шуда, масалан дар сурати қабули ин пешниҳод, Цукерберг ба забони тоҷикӣ – Сукерберг, Ельцин – Елсин, Цеткин – Сеткин навишта мешавад. Дар исмҳои ҷинс ин ҳарф иваз шудааст, ба мисли семент (цемент), сирк (цирк), консерт (концерт) ва ғайра.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар банди 13-и лоиҳаи забони нави тоҷикӣ зикр гардидааст, ки ҳарфи «Ц» дар исмҳои хос дар забони тоҷикӣ истифода мешавад.

«Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо пешниҳод намуд, ки ҳарфи «Ц» комилан ба алифбои мо баргардонида шавад ё аз банди 13-и алифбои тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ доир ба дар исмҳои хос истифода шудани ин ҳарф гирифта шавад, зеро ин ба қоидаҳо мутобиқ нест», – мегӯяд Сайфиддин Мирзоев.

Ба қавли номбурда, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби олимони забоншинос ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, хотима додани истифодаи ҳарфи «Ц» дар исмҳои хосро низ пешниҳод мекунад. Пешниҳодҳо барои маъқул шуморидан ба парлумон ирсол мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.