Қабули нахустин Кодекси тандурустӣ дар таърихи Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи нахустин дар таърихи Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ ҷонибдорӣ намуд. Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи Кодекси мазкур ба вакилон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода қайд кард, ки корҳои таҳияи Кодекс бо супориши президент ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд. Кодекси имрӯз қабулшуда 16 қонуни […]

Палатаи поёнии парлумон имрӯз аз лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи нахустин дар таърихи Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ ҷонибдорӣ намуд.

Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи Кодекси мазкур ба вакилон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода қайд кард, ки корҳои таҳияи Кодекс бо супориши президент ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.

Кодекси имрӯз қабулшуда 16 қонуни қаблан қабулшуда дар танзими масоили соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистонро иваз мекунад. Кодекс масоили фаъолияти тибби давлатӣ, хусусӣ ва халқиро ба танзим медарорад.

Мувофиқи меъёрҳои Кодекси қабулшуда, табибони ҷавоне, ки таҷрибаи кофӣ надоранд, наметавонанд ба фаъолияти тиббии мустақилона (хусусӣ) машғул шаванд.

Вазири тандурустӣ зикр кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон 601 субъект ба пешниҳоди хизматрасониҳои тибби хусусӣ машғул мебошанд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки ахиран ба Тоҷикистон таҷҳизот ва техникаи гаронбаҳои тиббӣ ворид шуда, қисмате аз он бинобар сабаби мавҷуд набудани мутахассисон, ба кор бурда намешавад.

Зуҳуров ба вазири тозатаъини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (моҳи январ) муроҷиат намуда, қайд кард:

«Агар ту коррупсия дар худи вазоратро барҳам диҳӣ, ин падида дар бемористону дармонгоҳҳо, таваллудхонаву дигар муассисаҳои тиббӣ кам мешавад».

Дар робита ба тибби халқӣ дар Кодекс зикр мегардад, ки «ҷодугарӣ ва расму оинҳои динӣ тибби хусусӣ эътироф шуда наметавонанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.