АНОНС
– Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти унвони «Таомҳои Франсия» Фестивали хӯрокҳои ин кишвар доир мегардад. Оғоз соати 19:00 дар меҳмонхонаи «Серена»;
– Дар доираи намоиши корҳои рассом Комил Ёдгор дар толори намоиши «Ашан» ӯ барои рассомони ҷавон машғулият мегузаронад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.7234 сомонӣ;
1 евро – 8.6263 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1381 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1991 – Дар раъйпурсии умумииттифоқӣ аз чор се ҳиссаи овоздиҳандагон ба ҷонибдории боқӣ мондани Иттиҳоди Шӯравӣ раъй доданд. Худи ҳамон сол ИҶШС пош хӯрд.
2007 — Президенти ҶТ дар бораи ифтитоҳи сафоратҳои Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷопон ва ҳамчунин Консулгарии генералии ҶТ дар Дубай (АМА) фармон ба имзо расонид.
2010 — Дар Душанбе дар синни 59-солагӣ пешвои маънавӣ ва сиёсии ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз олам даргузашт.
2010 — Сарони кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги барқи обии нав дар минтақаро тақозо намуданд.
2015 — Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон дар паҳлӯи Осорхонаи милии ҷумҳурӣ ҳусни оғоз бахшид.
1910 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -1-6.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ каме боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +5+10.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +2+4.


