Ба Тоҷикистон зиндагӣ бо умедвориро тавсия намедиҳанд

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ба барқарор гардидани иқтисоди Русия умедвор нашуда, барои кор дар ватани худ шароит фароҳам оваранд. «Иқтисоди Русия тадриҷан барқарор шуда, метавон пешгӯӣ кард, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ боз рӯ ба афзоиш мениҳад, – гуфт намояндаи доимии БОР дар Душанбе Си.Си.Ю зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ба барқарор гардидани иқтисоди Русия умедвор нашуда, барои кор дар ватани худ шароит фароҳам оваранд.

«Иқтисоди Русия тадриҷан барқарор шуда, метавон пешгӯӣ кард, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ боз рӯ ба афзоиш мениҳад, – гуфт намояндаи доимии БОР дар Душанбе Си.Си.Ю зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон. – Лекин аз ин умевдории зиёд доштан лозим нест, зеро буҳрон имконест барои роҳандозии ислоҳоте, ки ба беҳбуди шароит дар дохили кишвар мусоидат мекунад».

Намояндаи доимии БОР шарҳ дод, ки ҳадафи аслии ислоҳот бояд дар фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар дохили ҷумҳурӣ ифода ёбад ва барои ноил гардидан ба ин мақсад, иқтисоди гуногунсоҳа, беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар зарур аст.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи феврали соли ҷорӣ президенти Русия Владимир Путин зимни сафар ба Душанбе изҳор намуд, ки айни замон дар қаламрави Русия 876 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур дошта, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии онҳо ба ватан дар соли гузашта 1,9 млрд. долларро ташкил додааст, ки қариб сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио