Лавров доир ба ангезаи сиёсии сармоягузории ИА дар Осиёи Марказӣ

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ангезаи сиёсӣ дорад. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин нуктаро ӯ дар суҳбат бо маҷаллаи "Международная жизн" баён дошта, матни он дар сомонаи расмии ВКХ Русия бознашр шудааст. Ба гуфтаи Лавров, дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ таҷрибаи талхи иҷрои […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ангезаи сиёсӣ дорад.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин нуктаро ӯ дар суҳбат бо маҷаллаи "Международная жизн" баён дошта, матни он дар сомонаи расмии ВКХ Русия бознашр шудааст.

Ба гуфтаи Лавров, дар ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ таҷрибаи талхи иҷрои ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо ба монанди "Ҳамкории шарқӣ" мавҷуд аст.

"Ин баёнгари он аст, ки сиёсати Брюссел дар баробари кишварҳои пасошӯравӣ асосан дар рӯҳияи “бозӣ бо ҳосили ҷамъи сифр” тарҳрезӣ мешавад. Он натанҳо робитаҳои гуногунҷабҳаи чандин асраи мардуми моро ба назар намегирад, балки дар бештари маврид танҳо зидди онҳо равона шудааст", – изҳор доштааст ӯ.

Сергей Лавров афзудааст, ки баъзан ангезаи сиёсӣ доштани сармояҳои аврупоӣ ба назар расида, ҳадафи асосии ин кӯмакҳои молӣ боз кардани якҷонибаи бозорҳои минтақа ба рӯи молҳои Иттиҳоди Аврупост.

Вазири умури хориҷии Русия қайд мекунад, ки Москва тайи 10 соли ахир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 6,7 миллиард доллар кумак кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.