Президент зиёиёнро нерӯи фаъолу тавонои ҷомеа номид

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғоз Сарвари давлат аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи Наврӯзи бостонӣ ва хусусиятҳои хосу барҷастаи ин иди ниёгон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст, андешаронӣ кард.

Сарвари давлат аз ҷаҳонишавии наврӯз ва минбаъд ба таври густурда ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани оинҳои хоси он ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки зиёиёни тоҷик барои тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо талош меварзанд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат зиёиён ҳамчун нерӯи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд.

Чун соли 2017 аз ҷониби Президенти мамлакат “Соли ҷавонон” эълон гардидааст, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки аҳли зиё, бояд ташаббусҳои насли ояндасозро дасгирӣ карда, онҳоро ба роҳи омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят намоянд.

Вобаста ба фароҳам овардани шароити созгор баҳри зиёиёни ҷавон ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ҳамаи сохторҳои илмиву таълимии кишвар вазифадор шуданд. Тарғиби бузургтарин дастоварди халқи кишвар ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, инчунин, забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ низ яке аз вазифаҳои муҳими аҳли зиё арзёбӣ карда шуд.

Доир ба рушди соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ мегузорад, зарур шумурда шуд, ки аҳли эҷоди кишвар – олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон низ бо дарназардошти ин рисолати инсонсози фарҳанг ба рушди ҳамаҷониба ва мунтазами он таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоянд.

Дар охир Пешвои миллат бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро орзу намуд.

Баъди суханронии Эмомалӣ Раҳмон як қатор иштирокчиёни мулоқот – Фарҳод Шокиров – Докторанти Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мафтуна Назирова – адиби ҷавон, корманди ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, Моҳпайкар Ёрова – Ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Бузургмеҳри Баҳодур – адиби ҷавон, корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Дилшод Раҳимов – Муовини Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, Рафоати Файзалӣ – Раиси Шӯрои духтарони Клуби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ва Набизода Набӣ –  Директори муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” баромад карда, оид ба дастгириҳои амиқи Пешвои миллат аз рушди бахшҳои иҷтимоӣ, ҷонибдории ташаббусҳои аҳли зиёи мамлакат ва дигар тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ибрози назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...