Раҳоии муфаттиши парвандаи Бузургмеҳр Ёров аз толори додгоҳ

Додгоҳи шаҳри Душанбе подполковник Музаффар Ҳакимов, муфаттиши боздоштшудаи Раёсати умури дохилии пойтахтро аз толори додгоҳ озод кардааст. Ҳакимов тафтиши қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндониро анҷом дода буд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай бар асоси моддаи "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" муттаҳам мешуд. Таҳмина Комилова, вакили дифои Ҳакимов гуфт, бо шомил […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе подполковник Музаффар Ҳакимов, муфаттиши боздоштшудаи Раёсати умури дохилии пойтахтро аз толори додгоҳ озод кардааст. Ҳакимов тафтиши қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндониро анҷом дода буд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай бар асоси моддаи "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" муттаҳам мешуд. Таҳмина Комилова, вакили дифои Ҳакимов гуфт, бо шомил шудани ин модда ба қонуни афв, нафари таҳти ҳимояташ озод гардидааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Музаффар Ҳакимов 3 сол зиндон талаб карда буд, вале чун моддаи мазкур шомили афв шуд, вай аз адои ҷазо озод гашт.

Тафтиши парвандаи Ҳакимов аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуда, охири моҳи январи имсол ба додгоҳи Душанбе ирсол шуд. Вай дар аввал барои даст доштан дар фасод ҳам муттаҳам мешуд, вале баъдан мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки бо собит нашудани амали ришвахорӣ, моддаи 319, яъне “гирифтани пора”-ро аз парвандаи ӯ берун кардаанд.

Музаффар Ҳакимов охирҳои соли гузашта дар пайи даъвои Бузургмеҳр Ёров дастгир шуда, рӯзи 12 декабри соли 2016 ба Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати умури дохилӣ интиқол ёфт. Наздикони Ёров гуфта буданд, ки Музаффар Ҳакимов гӯё 25 ҳазор доллар пули онҳоро гирифта, ба дасти ҷабрдидаҳо нарасондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.