Иштироки Президент дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар Суғд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ рӯзи 23 март ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи аввали сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

Сипас Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуда, ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар супориш дод, ки корхонаи мазкур ба пуррагӣ бо ашёи хом таъмин карда шавад, зеро дар ҳоли дасрасии пурра ба абрешим ҳаҷми маҳсулот зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ низ таъсис меёбанд.

Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хучанд як бинои 9-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуд.

Субҳи рӯзи 24 март Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст фаъолияти корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат Исфара" оғози расмӣ бахшид.

Баъдан Сарвари давлат дар маркази ин шаҳри бостонӣ дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзид.

Дар шаҳри Исфара Президенти Тоҷикистон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуда, барои бунёди меҳмонхонаи нави осоишгоҳи “Зумрад” санги асос гузошт.

Шоми рӯзи 24 март  дар шаҳри Гулистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд, ки дар он вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...