ВКХ Тоҷикистон амали террористӣ дар Лондонро маҳкум кард

Дар робита ба амали террористӣ назди бинои парлумон дар шаҳри Лондон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот интишор намуд. Дар изҳорот зикр мегардад, ки «дар иртибот ба хабари фоҷеабори амали террористӣ дар назди бинои парлумон дар шаҳри Лондон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо мардуми осоишта гашт, ҷониби Тоҷикистон тасаллияту ҳамдардии амиқи […]

Asia-Plus

Дар робита ба амали террористӣ назди бинои парлумон дар шаҳри Лондон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот интишор намуд.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки «дар иртибот ба хабари фоҷеабори амали террористӣ дар назди бинои парлумон дар шаҳри Лондон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо мардуми осоишта гашт, ҷониби Тоҷикистон тасаллияту ҳамдардии амиқи худро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳон аст».

Дар изҳорот ҳамчунин қайд мешавад, ки «мо ин амали ғайриинсонии интиҳориро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем».

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба агентии «Рейтер», пулиси Лондон эълон кардааст, ки ҳамлаи рӯзи 22 март дар наздикии порлумони Бритониёро Холид Масъуд, сокини 52-солаи арабитабори ин кишвар анҷом додааст.

Ба иттилои пулис, Холид Масъуд дар минтақаи атрофи Лондон ба дунё омада, дар Уэст-Мидлендс зиндагӣ мекард. Вай барои ҳамла ва нигаҳдории силоҳ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ борҳо ҳабс шуда буд. Аммо ҳаргиз дар робита ба терроризм ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудааст. Мақомоти қудратӣ аз нияти анҷоми теракти Масъуд огоҳ набуданд.

Гуфта мешавад, рӯзи 22 март дар болои пули Вестминстери назди бинои порлумони Бритониё Масъуд бо мошин чанд роҳгузарро пахш кард. Баъдан вай бо корд ба пулиси навбатдори назди порлумон ҳамла кард. Дар ин ҳодиса 3 нафар қурбон ва наздики 40 тани дигар захмӣ шуданд.

Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи тундгарои «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтааст. Ҳамлаи Масъуд дар солгарди силсилаи ҳамлаҳои Брюссел рух дод. Соли гузашта дар ин шабу рӯз дар фурудгоҳ ва метрои пойтахти Белгия дар натиҷаи терактҳо 35 нафар кушта шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.