Боздошти мудири шуъбаи ташхиси шаҳри Турсунзода барои гувоҳии бардурӯғ

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар робита ба ҳодисаи куштори духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода марди 62-солаи сокини ҳамин шаҳр, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода боздошт шудааст. Ӯ ба додани гувоҳии бардурӯғ дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешавад.

Аввали моҳи феврал ду ҷавон дар шаҳри Турсунзода духтари 17-соларо куштанд. Нахуст мақомоти милитсия иттилоъ дода буданд, ки духтар бо роҳи оташзанӣ даст ба худкушӣ задааст, ҳарчанд дар ҷисми осори зиёди зарбҳои корд аён буд.

Дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта мешавад, гумонбаршуда ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббии ҷасади духтари 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сешанбе, дидаву дониста, ки ӯ аз захмҳои халандаю буранда ба қатл расонида шудааст, хулосаи бардурӯғи ташхиси суддӣ-тиббӣ додааст, ки гӯё духтари ноболиғ даст ба худкушӣ зада, худро бо роҳи оташзанӣ ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ давом доранд.

Қобили зикр аст, ки оид ба куштори шаҳрванди ноболиғ, сокини шаҳри Турсунзода И.Н. дар рӯзи 02.02.с.2017 ВКД ҶТ иттилоъ дода буд, ки дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нодуруст паҳн гашт, ки гӯё ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷинояти мазкурро пинҳон карда, ҳамчун ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта бошад.

Дар маълумот зикр гардида буд, ки аз рӯзи аввали содиршавии ин ҳодиса кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода онро пайгирӣ намуда, бевосита дар якҷоягӣ бо мақомоти Прокуратура дар кушодани ин ҷиноят иштирок намудаанд.

«Кормандони милитсия санҷишро баъди бақайдгирии ҳодиса боз надошта, аз рӯи фарзияҳо корро давом дода, чанд нафар шахсонеро, ки бо марҳум алоқамандӣ доштанд, мавриди коркарди оперативӣ қарор дода, бо бурдани корҳои оперативӣ рӯзи 09.02.с.2017 гумонбарони ин ҷинояти мудҳишро ошкор намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод карданд», – қайд шуда буд дар маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...