Марзбони тоҷик ҳамхизмати худро парронд

Дар қаламрави яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз пойтахт ба хизмат даъват шудааст, ҳамхизмати худашро аз Ҳисор парронидааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, бар асари ин ҳодиса сарбоз захмӣ шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар қаламрави яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз пойтахт ба хизмат даъват шудааст, ҳамхизмати худашро аз Ҳисор парронидааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, бар асари ин ҳодиса сарбоз захмӣ шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин далел дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Халон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, яке аз фарзияҳои рух додани ин ҳодиса аз беэҳтиётӣ тир кушодан аз автомати Калашников унвон мешавад.

Бо дастури раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар тамоми воҳидҳои ҳарбии ин сохтор ҷиҳати нигаҳдорӣ, назорат ва истифодаи силоҳи оташфишон, ки дар ихтиёри ин сохтор қарор дорад, санҷиш гузаронида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.