Довталабии Pamir Energy ба дарёфти ҷоизаи маъруфи байнулмилалӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати Pamir Energy дар қатори довталабон ба дарёфти ҷоизаи байнулмилалии энергетикии Ashden Awards зикр гардидааст. Ин ҷоиза ҳамасола барои дастовардҳо дар соҳаи энергетикаи устувор тақдим мегардад.

Дар сомонаи расмии Ashden Awards дар ин робита қайд мешавад, ки дар бахши «Беҳбуди дастрасӣ ба энергия» Pamir Energy ба даври финалӣ роҳ ёфтааст.

Ба қатори финалистон барои дарёфти ҷоизаи Ashden Awards имсол 22 ташкилот аз саросари ҷаҳон – Africa Clean Energy, Ampere Vehicles, Angaza Design, Ecolibirium, Empower Generation, Futurepump, GPS reneable energy, Haileybury Youth Trust, Hangzhou Bicycles, Mobisol, Pamir Energy, PEG Africa, SunCulture ва TR Hamzah & Yeang Sdn. Bhd. шомил гардидаанд.

Гуфта мешавад, ғолибон расман рӯзи 15 июни соли равон дар Лондон эълон мешаванд. Шурӯъ аз соли 2001 беш аз 190 лоиҳа аз тамоми дунё дар бахши энергетикаи устувор ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд.

Pamir Energy лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, AKFED, IFC (Корпоратсияи байнулмилалии молӣ) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байнулмилалӣ мебошад. Арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 26,8 млн. доллар буда, қарордод ба муддати 25 сол баста шудааст ва бо анҷоми он ширкат ба моликияти давлат мегузарад.

Айни замон 11 нерӯгоҳи барқи обӣ, аз ҷумла «Помир-1» ва «Хоруғ», ҳамчунин боз 9 нерӯгоҳи хурд дар ноҳияҳои гуногуни ВМКБ дар ихтиёри ширкати Pamir Energy қарор доранд. Мавсими зимистон иқтидори умумии онҳо ҳудуди 43,3 мВт-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...