Довталабии Pamir Energy ба дарёфти ҷоизаи маъруфи байнулмилалӣ

Ширкати Pamir Energy дар қатори довталабон ба дарёфти ҷоизаи байнулмилалии энергетикии Ashden Awards зикр гардидааст. Ин ҷоиза ҳамасола барои дастовардҳо дар соҳаи энергетикаи устувор тақдим мегардад. Дар сомонаи расмии Ashden Awards дар ин робита қайд мешавад, ки дар бахши «Беҳбуди дастрасӣ ба энергия» Pamir Energy ба даври финалӣ роҳ ёфтааст. Ба қатори финалистон барои дарёфти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати Pamir Energy дар қатори довталабон ба дарёфти ҷоизаи байнулмилалии энергетикии Ashden Awards зикр гардидааст. Ин ҷоиза ҳамасола барои дастовардҳо дар соҳаи энергетикаи устувор тақдим мегардад.

Дар сомонаи расмии Ashden Awards дар ин робита қайд мешавад, ки дар бахши «Беҳбуди дастрасӣ ба энергия» Pamir Energy ба даври финалӣ роҳ ёфтааст.

Ба қатори финалистон барои дарёфти ҷоизаи Ashden Awards имсол 22 ташкилот аз саросари ҷаҳон – Africa Clean Energy, Ampere Vehicles, Angaza Design, Ecolibirium, Empower Generation, Futurepump, GPS reneable energy, Haileybury Youth Trust, Hangzhou Bicycles, Mobisol, Pamir Energy, PEG Africa, SunCulture ва TR Hamzah & Yeang Sdn. Bhd. шомил гардидаанд.

Гуфта мешавад, ғолибон расман рӯзи 15 июни соли равон дар Лондон эълон мешаванд. Шурӯъ аз соли 2001 беш аз 190 лоиҳа аз тамоми дунё дар бахши энергетикаи устувор ба ин ҷоиза сазовор дониста шудаанд.

Pamir Energy лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, AKFED, IFC (Корпоратсияи байнулмилалии молӣ) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байнулмилалӣ мебошад. Арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 26,8 млн. доллар буда, қарордод ба муддати 25 сол баста шудааст ва бо анҷоми он ширкат ба моликияти давлат мегузарад.

Айни замон 11 нерӯгоҳи барқи обӣ, аз ҷумла «Помир-1» ва «Хоруғ», ҳамчунин боз 9 нерӯгоҳи хурд дар ноҳияҳои гуногуни ВМКБ дар ихтиёри ширкати Pamir Energy қарор доранд. Мавсими зимистон иқтидори умумии онҳо ҳудуди 43,3 мВт-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.