ВКХ: Замони рух додани ҳодиса Мирзода аллакай консули фахрӣ набуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Замоне, ки автомашинаи Маҳмадназар Мирзода таҳти таъқиби кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербург қарор гирифт, ӯ аллакай консули фахрии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд.

«Аввали моҳи феврал дар Санкт-Петербург консулгарии генералии Тоҷикистон боз шуда, мутаносибан аз ҳамон замон фаъолияти консули фахрӣ Маҳмадназар Мирзода ба таври автоматӣ қатъ карда шуд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар Вазорат қайд карданд, ки масъалаи марбут ба қатъи кори консули фахрии Тоҷикистон дар Петербург он вақт миёни ҷонибҳои мувофиқа шуда буд.

«Маъмулан дар шаҳрҳои кишварҳои шарик дар сурати мавҷуд набудани консулгарии генералӣ, сафирони фахрӣ таъин шуда, ба ин вазифа шаҳрандони ин ё он кишвар, ки бо Тоҷикистон робитаҳои зич доранд, интихоб мешаванд. – шарҳ доданд дар Вазорат. – Маҳмадназар Мирзода яке аз чунин шаҳрвандони Русия аст, ки замоне консули фахрӣ дар шаҳри Санкт-Петербург таъин шуд».

Дар робита ба истифодаи ғайриқонунии рақамҳои дипломатӣ аз ҷониби Маҳмадназар Мирзода дар автомашинааш, дар Вазорат зикр карданд, ки ин масъала айни замон мавриди баррасии мақомоти интизомии Русия қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 31 март дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербург баъди тирпарронӣ автомашина бо рақамҳои дипломатӣ боздошт шуд. Ин автомашинаро панҷ мошини мақомоти пулис таъқиб кардаанд. Ронанда ва мусофиронро аз он берун накардаанд, зеро рақамҳои сурх ба онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...