ВКХ: Замони рух додани ҳодиса Мирзода аллакай консули фахрӣ набуд

Замоне, ки автомашинаи Маҳмадназар Мирзода таҳти таъқиби кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербург қарор гирифт, ӯ аллакай консули фахрии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд. «Аввали моҳи феврал дар Санкт-Петербург консулгарии генералии Тоҷикистон боз шуда, мутаносибан аз ҳамон замон фаъолияти консули фахрӣ Маҳмадназар Мирзода ба таври автоматӣ қатъ карда шуд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои […]

Замоне, ки автомашинаи Маҳмадназар Мирзода таҳти таъқиби кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербург қарор гирифт, ӯ аллакай консули фахрии Тоҷикистон дар ин шаҳр набуд.

«Аввали моҳи феврал дар Санкт-Петербург консулгарии генералии Тоҷикистон боз шуда, мутаносибан аз ҳамон замон фаъолияти консули фахрӣ Маҳмадназар Мирзода ба таври автоматӣ қатъ карда шуд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар Вазорат қайд карданд, ки масъалаи марбут ба қатъи кори консули фахрии Тоҷикистон дар Петербург он вақт миёни ҷонибҳои мувофиқа шуда буд.

«Маъмулан дар шаҳрҳои кишварҳои шарик дар сурати мавҷуд набудани консулгарии генералӣ, сафирони фахрӣ таъин шуда, ба ин вазифа шаҳрандони ин ё он кишвар, ки бо Тоҷикистон робитаҳои зич доранд, интихоб мешаванд. – шарҳ доданд дар Вазорат. – Маҳмадназар Мирзода яке аз чунин шаҳрвандони Русия аст, ки замоне консули фахрӣ дар шаҳри Санкт-Петербург таъин шуд».

Дар робита ба истифодаи ғайриқонунии рақамҳои дипломатӣ аз ҷониби Маҳмадназар Мирзода дар автомашинааш, дар Вазорат зикр карданд, ки ин масъала айни замон мавриди баррасии мақомоти интизомии Русия қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 31 март дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербург баъди тирпарронӣ автомашина бо рақамҳои дипломатӣ боздошт шуд. Ин автомашинаро панҷ мошини мақомоти пулис таъқиб кардаанд. Ронанда ва мусофиронро аз он берун накардаанд, зеро рақамҳои сурх ба онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.