АНОНС
– Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад, ки дар кори он Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад;
– Дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиа оид ба баррасии парвандаи се нафар судшавандагон баргузор мешавад, ки аз истифодаи шиканҷа нисбаташон шикоят кардаанд. Оғоз соати 14-00;
– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни занон дар гурӯҳи «А»барпо мешавад. Бозиҳо аз соати 13-00 оғоз мешаванд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.3671 сомонӣ;
1 евро – 8.9369 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1472 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ.
1967 – Ифтитоҳи Даҳаи фарҳанги рус дар Тоҷикистон.
1978 – Таъсиси ноҳияи Қубодиён.
2008 — Дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ифтитоҳ шуд.
2009 — Суди олии Тоҷикистон Суҳроб Лангариевро, ки ба гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ роҳбарӣ мекард, ба ҳабси абад маҳкум кард.
2010 — Дар Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди иттиҳодияҳо таъсис дода шуд, ки 70 иттиҳодияҳои муваффақи кишварро муттаҳид сохт.
2013 – Дар Душанбе дар синни 82-солагӣ пас аз бемории кӯтоҳмуддат рассоми маъруфи тоҷик, Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев аз олам даргузашт.
1885 – Зодрӯзи рассом, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Мақсуд Солиев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 3-8, рӯзона +2+7.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар доманакӯҳҳо баъзан боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +10+15.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб баъзан боришот, дар шарқи вилоят аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона -2+3.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.



