Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад, ки дар кори он Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад; – Дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиа оид ба баррасии парвандаи се нафар судшавандагон баргузор мешавад, ки аз истифодаи шиканҷа нисбаташон шикоят кардаанд. Оғоз соати 14-00; […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад, ки дар кори он Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад;

– Дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиа оид ба баррасии парвандаи се нафар судшавандагон баргузор мешавад, ки аз истифодаи шиканҷа нисбаташон шикоят кардаанд. Оғоз соати 14-00;

– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 миёни занон дар гурӯҳи «А»барпо мешавад. Бозиҳо аз соати 13-00 оғоз мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.3671 сомонӣ;

1 евро – 8.9369 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1472 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ.

1967 – Ифтитоҳи Даҳаи фарҳанги рус дар Тоҷикистон.

1978 – Таъсиси ноҳияи Қубодиён.

2008 — Дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ифтитоҳ шуд.

2009 — Суди олии Тоҷикистон Суҳроб Лангариевро, ки ба гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ роҳбарӣ мекард, ба ҳабси абад маҳкум кард.

2010 — Дар Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди иттиҳодияҳо таъсис дода шуд, ки 70 иттиҳодияҳои муваффақи кишварро муттаҳид сохт.

2013 – Дар Душанбе дар синни 82-солагӣ пас аз бемории кӯтоҳмуддат рассоми маъруфи тоҷик, Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев аз олам даргузашт.

1885 – Зодрӯзи рассом, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Мақсуд Солиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 3-8, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар доманакӯҳҳо баъзан боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб баъзан боришот, дар шарқи вилоят аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +16+18.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.