Ҳавопаймои нахустин аз Тошканд ба Душанбе фуруд омад

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвози нахустин тариқи хатсайри Тошканд – Душанберо анҷом дод.

Ҳавопаймои ширкат соати 08:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ бо 29 нафар мусофирон ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишаст.

Дар назар аст, ки парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Ӯзбекистон бонавбат бидуни санади зарурии танзимкунандаи алоқаи ҳавоӣ, кӯшиш ба харҷ доданд, ки парвозҳо миёни пойтахти кишварҳоро роҳандозӣ намоянд, аммо парвозҳое, ки қаблан эълон шудаву мутаносибан барои он ба мусофирон билетҳо фурӯхта шуда буданд, сурат нагирифтанд.

Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кард.

Дар навбати худ, парвози ҳавопаймои нахусти ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе низ ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуда буд.

Ширкати ӯзбекистонӣ моҳи гузашта дар сомонаи худ доир ба оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз 4 апрел хабар дода буд. Парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе пешбинӣ гардида буд.

Чанде қабл дар маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов дар ин робита изҳор намуд, ки «мо муддатҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанберо интизорӣ доштем ва дар нақша буд, ки имрӯз дар ин ҷо касоне ҳузур хоҳанд дошт, ки бояд бо хатсайри аввалин меомаданд, вале мутаассифона, парвоз тариқи ин хатсайр шояд боз ба як ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.