Ҳавопаймои нахустин аз Тошканд ба Душанбе фуруд омад

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвози нахустин тариқи хатсайри Тошканд – Душанберо анҷом дод. Ҳавопаймои ширкат соати 08:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ бо 29 нафар мусофирон ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишаст. Дар назар аст, ки парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. Қобили зикр […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвози нахустин тариқи хатсайри Тошканд – Душанберо анҷом дод.

Ҳавопаймои ширкат соати 08:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ бо 29 нафар мусофирон ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишаст.

Дар назар аст, ки парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Ӯзбекистон бонавбат бидуни санади зарурии танзимкунандаи алоқаи ҳавоӣ, кӯшиш ба харҷ доданд, ки парвозҳо миёни пойтахти кишварҳоро роҳандозӣ намоянд, аммо парвозҳое, ки қаблан эълон шудаву мутаносибан барои он ба мусофирон билетҳо фурӯхта шуда буданд, сурат нагирифтанд.

Тавре ҷониби Тоҷикистон қаблан изҳор намуда буд, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе 20 феврал оғоз мешаванд, вале Тошканд бо ишора ба ҳаллу фасл нашудани масъалаҳои техникӣ, қабули ҳавопайморо рад кард.

Дар навбати худ, парвози ҳавопаймои нахусти ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе низ ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуда буд.

Ширкати ӯзбекистонӣ моҳи гузашта дар сомонаи худ доир ба оғози парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз 4 апрел хабар дода буд. Парвоз тариқи ин хатсайр ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе пешбинӣ гардида буд.

Чанде қабл дар маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов дар ин робита изҳор намуд, ки «мо муддатҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тошканду Душанберо интизорӣ доштем ва дар нақша буд, ки имрӯз дар ин ҷо касоне ҳузур хоҳанд дошт, ки бояд бо хатсайри аввалин меомаданд, вале мутаассифона, парвоз тариқи ин хатсайр шояд боз ба як ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.