Тағйироти кадрӣ дар ВКД: кӣ ба кадом мансаб таъин шуд

Asia-Plus

Бо Қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд.

Дар зер рӯйхати шахсони тозатаъинро манзуратон мегардонем:

– генерал-майори милитсия Азизов А.Қ. – сардори БММ «Интерпол»-и ВКД ҶТ;

– генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А. – Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ;

– генерал-майори милитсия Рустамзода М.К. – муовини Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД;

– генерал-майори милитсия Раҷабзода Ш.А. – муовини сардори РБДА ВКД ҶТ;

– генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода С.Қ. – Раиси Шӯрои собиқадорони ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Машрабзода Ҷ.Х. – Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– полковники милитсия Насимзода А.Ғ. – Сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– полковники милитсия Абдуллозода Ш.Ф. – муовини директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– полковники милитсия Нуъмонзода Р.И. – сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Маҳмадшозода Ш.А. – сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Раҷабзода Ш.Р. – сардори Раёсати молия ва иқтисодии ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Муродзода Ш.Л. – сардори Муассисаи нақлиётии ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Исозода Н.И. – сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа;

– полковники милитсия Бобоназарзода А.Б. – сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов;

– полковники милитсия Солизода А.О. – сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт;

– полковники милитсия Тавурзода А. – сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав;

– полковники милитсия Шарифзода А.Ҳ. – сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон;

– полковники милитсия Зарифзода М. – муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон;

– полковники милитсия Ғуломзода С. – муовини сардори РБДА ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Дадоҷонзода А.Қ. – муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Азизуллозода Ш.Н. – муовини сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Искандарзода Б. – муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;

– полковники милитсия Ҳиматзода П. – сардори ШМД «Ҳоит»-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;

– подполковники милитсия Низомзода Н.Н. – муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– подполковники милитсия Шодмонзода Ш.Ш. – сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг;

– подполковники милитсия Шарифзода Р.И. – сардори ШВКД дар ноҳияи Сангвор;

– подполковники милитсия Муродов Н.Л. – сардори ШВКД дар ноҳияи Сарбанд;

– подполковники милитсия Азимов Н. – сардори ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа;

– подполковники милитсия Саидзода М. – сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;

– майори милитсия Қурбоналӣ П.Б. – сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ;

– майори милитсия Ҷурабекзода Д. – сардори ШВКД дар нақлиётбудаи РВКД дар вилояти Хатлон;

– майори милитсия Неъматов Б.Ф. – сардори ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод.

Президенти мамлакат кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат бо онҳо таъкид кард, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...