Содироти автомобилҳои истеҳсоли Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Дар доираи кори ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 19 апрел доир гардид, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ва муовини раиси ПСС Ӯзбекистон Назира Додохонова зери Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаҳои ҳарду кишвар имзо гузоштанд. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар доираи кори ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 19 апрел доир гардид, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ва муовини раиси ПСС Ӯзбекистон Назира Додохонова зери Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаҳои ҳарду кишвар имзо гузоштанд.

Миёни ширкати саҳҳомии «Узавтосаноат»-и кишвари ҳамсоя ва ширкатҳои тоҷикистонии «Лесинвест» ва «Тоҷмоторс» дар бораи таҳвили автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.

Ғайр аз ин, ширркати «Узавтосаноат» бо ширкати «Ғаюр» (саҳмдори корхонаи семетбарории «Хаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон) миёни ҳамдигар Ёддошти тафоҳум ба имз расониданд.

Чунин санадҳо ҳамчунин байни ширати «TRANSNEFTEGAZ GLOBAL SERVIS»-и Ӯзбекистон (истеҳсол ва таҳвили маводи кимиёвӣ ва масолеҳи сохтмон) ва ширкати «Ғаюр», ҳамчунин миёни КМ ҶДММ «Узклимат контроль» ва ширкати «Тоҷмоторс» низ ба тасвиб расидаанд.

Ширкатҳои тоҷикистонии «Лесинвест» ва «Тоҷмоторс» инчунин бо корхонаи муштараки «УЗчасис»-и кишвари ҳамсоя Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Дар чаҳорчӯби кори ҳамоиш миёни корхонаи ӯзбекистонии «УЗбекозиқовқот Холдинг» ва корхонаи «Иқтидор»-и Тоҷикистон Протоколд ар бораи фурӯши маҳсулоти ғизойӣ ба тасвиб расид.

Дар чорабиниҳои ҳамоиш вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ ва ҳарду ҷониб ҷиҳати мусоидат ба рушди он ва кумак дар дарёфти шарикони имкопазир барои ҳарду ҷониб омодагӣ изҳор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.