Имкони гирифтани грант дар доираи лоиҳаи ECTAP дар Бонки Эсхата

Мавсими кишту кори баҳорӣ дар ҷӯш аст, ки бештар деҳқонону соҳибони хоҷагиҳои деҳқониро пурташвиш мекунад. Барои таъмини корҳои босуръат ва самаранок маблағҳои иловагӣ лозиманд. Бонки Эсхата бо мақсади рушди сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ дар ҶТ лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатпазирии самти хоҷагии қишлоқ” -ро (ECTAP) ба тасвиб расонд, ки аз ҷониби БАРТ  ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Мавсими кишту кори баҳорӣ дар ҷӯш аст, ки бештар деҳқонону соҳибони хоҷагиҳои деҳқониро пурташвиш мекунад. Барои таъмини корҳои босуръат ва самаранок маблағҳои иловагӣ лозиманд.

Бонки Эсхата бо мақсади рушди сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ дар ҶТ лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатпазирии самти хоҷагии қишлоқ” -ро (ECTAP) ба тасвиб расонд, ки аз ҷониби БАРТ  ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст.

Лоиҳаи мазкур маблағгузории харидории таҷҳизот ва нақлиёти хоҷагии қишлоқро, ки аз ҷониби БАРТ қабул карда шудааст, пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон имконияти гирифтани грант дар ҳаҷми 20% аз андозаи маблағи қарзӣ  мавҷуд аст.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имконият доранд, ки барои рушди соҳаҳои тухмикорӣ, боғу токпарварӣ, рушди чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти шириву гӯштӣ маблағҳои қарзиро бо шартҳои муфид дастрас намоянд.

Чуноне ки ҳамоҳангсоз оид ба рушди агроқарзҳо Алиҷон Сулейманов қайд намуд, айни ҳол лоиҳаи мазкур озмоишӣ буда, дар чор ноҳияи фарогирии Бонки Эсхата татбиқ мегардад. «Мо ният дорем, лоиҳаи мазкур натиҷаҳои хуб медиҳад ва ояндаи наздик мо онро дар тамоми низоми бонкӣ ҷорӣ мекунем”-афзуд Алиҷон Сулейманов.

Барои дуруст ва босифати баланд ба роҳ мондани ҷараёни пешниҳоди қарз ба аҳолӣ  ва татбиқи бомуваффақияти лоиҳа  дар ҳамаи филиалҳои Бонк Эсхата семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Намояндагони Бонки Эсхата ва мушовирони лоиҳаи ECTAP дар бораи нуқтаҳои асосии лоиҳаи нав ибрози назар карданд. Дар натиҷаи семинарҳо ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуд.

Маълумотнома:

Барномаи ECTAP моҳи  декабри соли  2014  оғоз гардида, фаъолияти худро давоми 4,5 соли (май 2019) барои рушди хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти озуқаворӣ, коркард ва фурӯши он дар Тоҷикистон идома медиҳад. Барномаи мазкур аз тарафи БАРТ, Иттиҳоди Аврупо ва  Бонки Рушди Олмон маблағгузорӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.