Имзои санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаи саноати ҳарбӣ

Asia-Plus

Намояндагони Тоҷикистону Русия ва ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли СААД Валерий Семериков дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи саноати ҳарбӣ протокол ба имзо расониданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти СААД, рӯзи 20 апрел дар Душанбе ҷаласаи муштараки ҳайати Шӯрои коллегияи комиссияи ҳарбӣ-саноатии Русия оид ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодӣ дар чаҳорчӯби СААД ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаву ташкилотҳои комплекси ҳарбӣ-саноатии Тоҷикистон доир гардид.

Дар Протоколи ҷаласа, ки аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо – муовини раиси коллегияи комиссияи ҳарбӣ-саноатии Русия Олег Бочкарёв ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода ба имзо расид, тадбирҳои амалӣ оид ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамгиройӣ миёни корхонаҳои комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия ва Тоҷикистон дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ССАД) бар асоси Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии 15 майи соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ баимзорасида таъсис дода шуд. Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон кишварҳои узви СААД мебошанд. Охири моҳи июни соли 2012 Ӯзбекистон эълон кард, ки узвияти худ дар Созмонро бозмедорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...