ВКХ Эрон доир ба замони сафари Муҳаммад Ҷаводи Зариф ба Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта сафараш ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқозро оғоз намуда, аз Туркманистону Қирғизистон ва Гурҷистон боздид намуд ва чанде аз ВАО хабар дода буданд, ки ӯ аз Тоҷикистон ҳам боздид мекунад, вале ин сафар сурат нагирифт. Дар посух ба саволи хабарнигори ИРНА бобати чаро […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта сафараш ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқозро оғоз намуда, аз Туркманистону Қирғизистон ва Гурҷистон боздид намуд ва чанде аз ВАО хабар дода буданд, ки ӯ аз Тоҷикистон ҳам боздид мекунад, вале ин сафар сурат нагирифт.

Дар посух ба саволи хабарнигори ИРНА бобати чаро ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар накардани вазир, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ гуфтааст, таррезии сафарҳои Муҳаммад Ҷаводи Зариф ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар ҳоли баррасӣ буда, дар замони муносиб сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, сиёсати расмии Эрон дар он ифода меёбад, ки муносибатҳо бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, аз ҷумла ҳамсоякишварҳо дар шимолро густариш бахшад.

«Шахсони расмии Эрон чандин маротиба ба кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз сафар доштанд, вале тавре ба шумо маълум аст, ҷадвали кории вазири корҳои хориҷӣ ба сафари ӯ ба ҳамаи кишварҳои ин минтақаҳо имкон намедиҳад», – илова кардааст Баҳром Қосимӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.