Маҳмуд Аҳмадинажодро ба интихоботи президентӣ роҳ надоданд

Номзадии раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар ба қайд гирифта нашуд. Тавре дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои Эрон иттилоъ дода мешавад, Аҳмадинажод, ки аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд, 19 апрел номзадияшро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард. Гуфта мешавад, вале Ситоди интихоботии Эрон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Номзадии раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар ба қайд гирифта нашуд.

Тавре дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои Эрон иттилоъ дода мешавад, Аҳмадинажод, ки аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд, 19 апрел номзадияшро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард.

Гуфта мешавад, вале Ситоди интихоботии Эрон 20 апрел 6 довталаберо, ки аз тарафи Шӯрои нигаҳбон таъйид шуданд, эълом кард ва миёни онҳо номи раисҷумҳури пешин набудааст.

Аҳмадинажод дар сиёсати хориҷӣ назари муҳофизакор дошта, маъмурияти Бушро сахт танқид ва аз тақвияти робитаҳои Эрон бо кишварҳои арабу Русия ҳимоят мекард. Ӯ ҳамчунин борҳо зидди Исроил изҳороти тунд додааст.

Пештар роҳбари маънавии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз Аҳмадинажод хоста буд, ки номзадиашро пешбарӣ накунад. Ӯ гуфт, номзадии Аҳмадинажод метавонад фазоро "дуқутбӣ" карда ва ба кишвараш "осеб" расонад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи президенти 12-уми Эрон санаи 19 май баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.