Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим бо хатсайри Душанбе – Остона

Зимни мулоқоти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов масъалаи имкони роҳандозии парвозҳои мустақим тариқи хатсайри Душанбе – Остона баррасӣ шуд. Хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Остона шояд пеш аз оғози Намоиши махсуси байнулмилалии EXPO-2017 дар пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ гардад. Намоиши EXPO-2017 дар Остона 10 июн оғоз гардида, […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов масъалаи имкони роҳандозии парвозҳои мустақим тариқи хатсайри Душанбе – Остона баррасӣ шуд.

Хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Остона шояд пеш аз оғози Намоиши махсуси байнулмилалии EXPO-2017 дар пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ гардад. Намоиши EXPO-2017 дар Остона 10 июн оғоз гардида, то 10 сентябр идома меёбад.

«Зимни гуфтушуниди Худоёрзода ва Сейтимов масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи Қазоқистону Тоҷикистон дар бахши нақлиёт, аз ҷумла имкони ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Душанбе.

Ғайр аз ин, дар вохӯрӣ ҳамкории пурсамар миёни Ҷамъияти саҳҳомии «Роҳи оҳани Қазоқистон» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зикр гардид.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта роҳиоҳанчиёни тоҷик аз Қазоқистон локомотиви муосиреро харидорӣ намуданд, ки бо таҷҳизоти элекрикӣ таъмин буда, сӯзишвориро сарфа мекунад ва ин локомотиви панҷумест, ки роҳиоҳанчиёни тоҷик тайи солҳои ахир аз ин кишвар харидорӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.