Баъди теракт дар Питер: «Фармуданд, ки шумоёнро бе бозпурсӣ иҷоза надиҳем»

Asia-Plus

Чанде пеш намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар шабакаи интернет муроҷиатнома ба раҳбарияти Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба нашр расониданд.

Дар муроҷиатнома аз сиёсатмадорон ва мансабдорон даъват мешавад, ки аз изҳороти беасоси сартосарӣ гунаҳкор кардани муҳоҷирон ба ин амали террористӣ худдорӣ варзанд. Аз ҷумла муаллифони муроҷиатнома изҳороти роҳбари Хадамоти федералии амният Александр Бортников дар бораи он ки муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ИДМ асоси гурӯҳҳои террористиро ташкил медиҳанд, мисол овардаанд.

«Мо нисбати риоя нашудани ҳуқуқҳои ҳамватанони худ, ки аксаран дар шароити ғуломона зиндагӣ доранду танҳо барои рӯзгузаронии оилаҳои дар ватан мондаи худ кор мекунанд, бетараф буда наметавонем», – зикр шудааст дар изҳорот.

Зери ин муроҷиатнома алҳол 160 нафар имзо гузоштаанд, ки миёни онҳо ҳамватанони мо – коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов ва роҳбари Созмони ҷамъиятии минтақавии мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон «Маркази ҳуқуқи инсон» Иззат Амон низ ҳузур доранд.

Барзу Абдураззоқов:

– Ман муроҷиатномаро дарҳол баъди аз Маскав ва Петербург омаданам имзо кардам. 10 рӯзе, ки ман дар Питер ҳузур доштам, ҳамарӯза медидам, ки издиҳоми ҳамватанони моро кормандони милитсия дар ҷое нигоҳ медоранд. Барои чӣ? Барои он ки гӯё (вале ҳоло чизе исбот нашудааст) кадом як тоҷике ба амали террористӣ дар метро даст дорад? Шумо боре дидаед, ки барои содир кардани ҷиноят аз ҷониби чечен ё арманӣ, издиҳоми онҳоро беҳуда ҷое нигоҳ доранд?

Вақте ман аз Маскав ба Алмаато (Питер-Маскав-Алмаато) меомадам, маро дар гузаргоҳи тафтиши шиноснома боздошта, ба ҳуҷрае дароварданд ва ним соат бозпурсӣ карданд, ҳарчанд ман ба онҳо суроғаҳоям дар Алмаатову Душанбе, рақамҳову рамз (код)-и телефон ва визиткаамро дода, 100 бор фаҳмонидам, ки аз ҷашнвораи байнулмилалии театрӣ бармегардам. Ин барои онҳо лозим набуд: «Фармуданд, ки шумоёнро бе бозпурсӣ иҷоза надиҳем».

Акнун бигӯед, ки оё ман ба гунаҳкории касоне, ки дар вилояти Владимир куштаанд, бовар карда метавонам? Барои инҳо қулай аст, ки шахсони хомӯшро биёбанд, то ки муқовимат накунанд ва онҳо ёфтаанд. Шахсони хомӯш моем!

Иззат Амон:

– Масъалаи риояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ бе ин ҳам нигаронкунанда буд, вале баъди амали террористӣ ва изҳороти Бортников аз ин ҳам хеле бадтар шуда, акнун муҳоҷиронро дар ҳар қадаме боздошт, тафтиш ва ихроҷ мекунанд. Изҳороти Бортников ихтиёри мақомоти интизомиро вусъат дода, ба онҳо имкон дод, ки бидуни масъулияте муҳоҷиронро шикору муҷозот кунанд.

Дар ин робита ман мисоли мушаххас дорам. Акбаршо Раҳимов, шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ аз ҷониби суд ихроҷ шуд, ҳарчанд тамоми ҳуҷҷатҳои будубошу кори қонуниро дошт. То аз ҷониби зинаи апеллятсионӣ бекор шудани ин қарори суд, ӯ чанд рӯзро дар қабулгоҳи махсус паси сар кард.

Қобили зикр аст, ки баъди амали террористӣ натанҳо тоҷикистониён, балки шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон ҳам азият мекашанд. Чанде қабл мақомот шаҳрванди Ӯзбекистон Меҳриддин Нурмоновро ғайриқонунӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум карда, сипас суд доир ба ихроҷи ӯ ҳалнома содир намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...