Оғози боздиди шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон аз Бадахшон

Дар доираи сафари серӯза ба Тоҷикистон шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард. Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ шоҳдухтарро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, раҳбарияти шаҳр ва намояндагони аҳли ҷомеа истиқбол намуданд. Сипас Заҳро Оғо Хон бо фаъолият ва ҷараёни амалишавии як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дар […]

Шонаврӯуз Афзалшоев, Asia-Plus

Дар доираи сафари серӯза ба Тоҷикистон шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ шоҳдухтарро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, раҳбарияти шаҳр ва намояндагони аҳли ҷомеа истиқбол намуданд. Сипас Заҳро Оғо Хон бо фаъолият ва ҷараёни амалишавии як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дар минтақа аз наздик шинос шуд.

Бо ин мақсад ӯ ба мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим омада, имрӯз аз деҳаҳои Гудараи ноҳияи Рӯшон ва Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа боздид мекунад ва бо ҳаёту фаъолияти сокинони ин деҳаҳо шинос мешавад.

Дар доираи ин сафар шоҳдухтар ҳамчунин бо раҳбарияти ВМКБ ва намояндагони барномаву лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон духтари Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғо Хони IV – муассис ва раиси AKDN аст. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои мудирони Бунёди Оғо Хон оид ба рушд буда, ваколат ва масъулиятҳои ӯ аз раҳбарӣ ва таҳияи сиёсат дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборатанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.