Эҳтимоли селу обхезиҳо ва раъду барқ дар Тоҷикистон

Бино ба маълумоти обуҳавошинсони кишвар, аз 27-ум то 30-уми апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон якбора тағйирёбии боду ҳаво дар назар дошта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумат ҶТ иттилоъ медиҳад, ки ин рӯзҳо дар водиҳо боронҳои шадиди селосо меборад, шамол аз тарафи ғарб то 20-25 метр дар як сония мевазад, эҳтимоли […]

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ

Бино ба маълумоти обуҳавошинсони кишвар, аз 27-ум то 30-уми апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон якбора тағйирёбии боду ҳаво дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумат ҶТ иттилоъ медиҳад, ки ин рӯзҳо дар водиҳо боронҳои шадиди селосо меборад, шамол аз тарафи ғарб то 20-25 метр дар як сония мевазад, эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, дар баъзе манотиқ резиши жола низ аз эҳтимол дур нест, раъду барқ метавонад хатҳои интиқоли нерӯи барқро барканад. Бар асари шамоли шадид бомҳои хонаҳо осеб мебинанд, лағзиши заминҳо, шикастану чаппа шудани дарахтон низ эҳтимол дорад. Хатари раъду барқ низ таҳдид мекунад.

Зикр мегардад, ки дар манотиқи куҳӣ, дар баландиҳои бештар аз 2500 метр, шабонгаҳон боронҳои шадиди гузаранда ба барфи тар интизор меравад. Боришот муҷиби омадани сел, сангрезиш ва лағзиши тарма, бахусус дар қаторкуҳҳои водии Ҳисор ва минтақаҳои наздикуҳии Помир шуда метавонад.  Дар ҷануби кишвар хатари тӯфони ғуборолуд вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар истифодаи роҳҳои куҳӣ эҳтиёкор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро барои сафар дар чунин шароит аввал омода сохта, то имкон доранд аз рафтан ба манотиқи хатарзо, роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар кӯҳҳо худдорӣ варзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.