Султонзода доир ба «коррупсионерони» ҳабсшуда: «Ин махфӣ аст»

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони кишвар ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупусия» тағйироту иловаҳо ворид гардид. Қобили зикр аст, ки ин ҷаласа дар партави ҳабси оммавии кормандони воломақоми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ доир гардид. Директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳо бо мақсади мутобиқати […]

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони кишвар ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупусия» тағйироту иловаҳо ворид гардид.

Қобили зикр аст, ки ин ҷаласа дар партави ҳабси оммавии кормандони воломақоми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ доир гардид.

Директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳо бо мақсади мутобиқати қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупусия» ба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои давраи солҳои 2013-2020 таҳия шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, тағйироту иловаҳо ба роҳандозии механизми таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар ташкилоту корхона ва дигар мақомоти давлатӣ нигаронида шуда, методологияи тартиб ва тарзу усули баргузории таҳлили фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз нигоҳи ҷой доштани хавфҳои коррупсионӣ дар онҳо аллакай таҳия ва амал мекунад.

«Мутобиқи ин методология, вазорату идораҳо уҳдадор мешаванд, ки аз рӯи натиҷаҳои сол дар бораи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ба Агентӣ ҳисоботи мфассал пешниҳод кунанд», – таъкид дошт номбурда.

Султонзода зикр кард, ки дар ҳар кадоме аз вазорату идораҳо гурӯҳҳо оид ба арзёбии хавфҳои коррпусионӣ таъсис дода мешаванд, ки намояндагони Агентии зиддифасод низ ба онҳо шомил мегарданд.

Дар навбати худ Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров сатҳи баланди коррупсия дар Тоҷикистон, бахусус миёни мансабдоронро қайд карда, даъват намуд, ки мубориза бо коррупсия бояд тавре роҳандозӣ гардад, ки ҳар як нафар ногузир будани ҷазо барои амали коррупсиониро дарк намояд ва «бояд бидонад, ки дер ё зуд барои содир кардани амали террористӣ ҷавоб мегӯяд».

Дар ҳамин ҳол, баъди ҷаласа рӯзноманигорон аз роҳбари Агентии зиддифасод хостанд, ки масъалаи ҳабси кормандони Агентиро шарҳ бидиҳад. Султонзода аз шарҳи масъала худдорӣ варзида, изҳор намуд, ки «ин махфӣ аст», вале бо кадом сабаб махфӣ будани масъаларо низ шарҳ надод.

Ахиран дар Тоҷикистон 17 корманди Агентии зиддифасод ба ҳабс гирифта шуданд, ки миёни онҳо собиқ муовини роҳбари Агентӣ Давлатбек Хайрзода, сардори Раёсати ташкилии ин ниҳод Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродов, собиқ муфаттиши Агентӣ Фирдавс Ниёзбадалов ҳузур дошта, боз як корманди Агентӣ – Умед Камолов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар худи Агентӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки ҳамаи шахсони боздоштшуда ҳанӯз то ба ҳабс гирифтанашон, аз вазифаҳояшон дар мақомоти зиддикоррупсия барканор шуда, вале аз шарҳи сабаби аз вазифа озод шудани онҳо худдорӣ варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.