Дар Душанбе Озмоишгоҳи миллии референсӣ боз шуд

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди шаҳраки Шифобахш Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат аст.

Арзиши умумии бинои озмоишгоҳ 23,8 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ барои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиону 857 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизонидан иншоот бо технологияи муосири тиббии ширкатҳои олмонӣ 16 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Дар Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” 60 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд. Тамоми кормандон аз давраи омӯзишии кор бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда гузаронида шудаанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Синои пойтахт Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санги асос гузоштанд.

Арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад. Ҳудуди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 10,37 гектар, масоҳати умумии иншоот 15900 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати зери сохтмон ба 3643 метри мураббаъ баробар аст.

Дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2017 барои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо кардани 10 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи бинои асосӣ аз ташхиси давлатии сохтмон гузаронида шуда, барои иҷрои корҳои бунёдӣ омода мебошад.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат ин даргоҳи илм бо тарҳи муосиру таҷҳизоти тиббии замонавӣ солҳои дароз бояд ба мардум хизмат расонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.