Наҷотдиҳандагон 2 касро аз мошини пачақшуда берун оварданд

Asia-Plus

Кормандони наҷоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ҷони ду нафарро дар як садамаи хатарнок наҷот доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, бар асари боришоти шадид ва нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, риоя накардани суръати ҳаракати мошин субҳи бармаҳали имрӯз, 28-уми апрел дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ мошини тамғаи “Volvo” ба доманаи кӯҳ бархӯрд.

Гуфта мешавад, сабаби асосии ин садама риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд ва чун суръати мошин баланд аз меъёри таъиншуда буд, ронандаи 30-солаи он натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд.

Дар ин бора ба нуқтаи навбатдори фарӣ аз  хадамоти роҳи ширкати IRS  иттилоъ дода, ба муҷарради дарёфти хабари садама  кормандони наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса шитофтанд.

Бар асари ин бархӯрд мошин осеби сахт дида буд. Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти гидравикӣ мусофир ва ронандаи мошини боркашро наҷот доданд ва ҳардуро ба бригадаи “Ёрии таъҷилӣ” супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад: Хеле ботаваҷҷуҳ бошед, суръати ҳаракатро берун аз низоми муайншуда боло набаред, қоидаҳои ҳаркати роҳро нақз накунед ва ҷони худу ҳамроҳони худ, ҳамчунин роҳгузаронро дар хатар наяндозед! Бахусус дар рӯзҳои боронӣ шуморо лозим меояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.